Мудири IMF-ро ба зиндони беобрӯе бурдаанд

Доминик Страусс Кан дар додгоҳ

Доминик Страусс Кан, мудири Сандуқи Байналмилалии Пулро, ба як зиндони бадномшуда дар шаҳри Ню Йорки Амрико интиқол додаанд. Як мақоми раёсати зиндонҳои шаҳри Ню Йорк гуфт, Страусс Кан аз боздоштгоҳ ба зиндони Ҷазираҳои Рикер бурданд, ки соли 1930 сохта шуда ва бештар аз 11 ҳазор зиндонӣ дорад. Пештар аз ин додгоҳи Ню Йорк дархости мудири Сандуқи Байналмилалии Пул барои озод шудан таҳти васиқаро рад кард. Як хидматгори меҳмонхонае дар Ню Йорк Доминик Страусс Кани 62-соларо ба дастдарозӣ ба номуси худ муттаҳам мекунад. Аммо вакили дифоъаш гуфт, Доминик Страусс Кан, худро бегуноҳ медонад.