Қаззофӣ ба ҷиноёт алайҳи башарият муттаҳам мешавад

Луис Морено-Окампо, додситони Додгоҳи байналмилалии Ҳейг

Додгоҳи Байналмиллалии ҷурму ҷиноёт дар Ҳейг хостори судури иҷозаи боздошти Муаммар Қаззофӣ шуд.
Ба ҷуз Муаммар Қаззофӣ ҳамчунин писараш Сайф-ул-Ислом ва Абдулло Ассанусӣ-раиси кашфи режими Либия ҳам ҳадафи ҷустуҷӯ қарор мегиранд.

Луис Морено-Окампо, додситони Додгоҳи Байналмиллалии ҷурму ҷиноёт дар Ҳейг мегӯяд, дар гузориши 74 сафҳаӣ далоили қотеъ гирдоварӣ ва ба як кумиссиюни сенафарӣ супурда шудааст.

Дар давоми чанд моҳи гузашта нерӯҳои режими Қаззофӣ ба сӯи муътаризони зидди режим оташ кушоданд ва вазъеро ба вуҷуд оварданд, ки сабаби муноқиша ва даргириҳо шудааст.

Дар як гуфтугӯи телефонӣ аз Алиризо Нуризода-таҳлилгари умури Ховари Миёна дар Лондон нахуст аз вай пурсидам Муаммар Қаззофӣ ва ёронаш ба чӣ ҷурме муттаҳам шудаанд? Оё ба иттиҳомоти матраҳ куштор ҳам дохил хоҳад шуд?

Нуризода: Бидуни шак. Он банде, ки куштор алайҳи башарият аст, дар мавриди Қаззофӣ ҳам сидқ мекунад. Шумо нигоҳ кунед, ҳанӯз мо омори
Алиризо Нуризода
дақиқ дар бораи мизони кушташудагон дар Либия надорем.

Дар айни ҳол шумораи маҷрӯҳон ҳам мушаххас нест, шумораи оворагон ҳам мушаххас нест.

Тамоми инҳо ҷароими Қаззофиро сангинтар мекунад. Баъзеҳо дар бораи кушта шудани бештар аз 5 000 тан сӯҳбат мекунанд. Иддае кушта шуданд, иддае ба иллати нарасидани дору аз байн рафтанд ва иддае аз гуруснагӣ мурданд. Инҳо нишон медиҳад, ки ҳокими Либия бо сангинтарин навъи иддаонома рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Масалан, мо дар мавриди Милошевич дидем ё дар мавриди Руондо мавориди муттаадиде буд, ки ҷоноётро сангин мекард. Дар мавриди Либия ҳам баъзе аз ин маворид вуҷуд дорад ва эҳтимолан ду-се тан аз сарони режим дар ин иддаонома алайҳи башарият муттаҳам хоҳанд шуд.

Суол: Агар иҷозаи боздошти Муаммар Қаззофӣ содир шавад, ин иҷоза то чӣ андоза ҷиддӣ хоҳад буд ё фикр мекунед, ки тасмими Додгоҳи Байналмиллалии Ҷурму Ҷиноёт дар Ҳейг як навъ тасмими рамзист?

Нуризода: Дар мавриди Умар ул Башир-раиси ҷумҳури Судон иддаономае, ки содир шуд, табиатан як иддаономаи ҷиддӣ буд, аммо Умар Башир муваффақ шуд аз танҳо имконе, ки вуҷуд дорад, истифода кунад ва ҳатто ба хориҷ аз Судон сафар кунад. Аммо ин сафар танҳо ба чанд кишвари Африқоӣ маҳдуд буд. Бинобар ин, вай наметавонист озодона фаъолият кунад. Ҳоло ҳам наметавонад.

Аммо дар мавриди Қаззофӣ табиатан ин як ҳукми байналмиллалӣ хоҳад буд. Агар Қаззофӣ ҳам битавонад то муддате мисли Умар Башир ин ҷову он ҷо сафар кунад, вале ҳоло вазъияти хеле хатарноке дорад. Ба маҳзи ин, ки пояшро аз Либия берун гузорад, бояд вайро дастгир кунанд.

Дар айни ҳол Шӯрои Муваққати Либия ҳам ҳар рӯз аз ҷониби кишварҳои бештар ба расмият шинохта мешавад. Бинобар ин, агар онҳо ҳам Қаззофиро дастгир карданд, метавонанд вайро ба додгоҳи байналмиллалӣ супоранд.

Суол: Оё нерӯҳое дар дохил ва дар хориҷ пайдо нахоҳанд шуд, ки баъзе аз бандҳои ин иддаономаро ба чолиш бикашанад?

Нуризода: Фикр мекунам, ки фақат режими Либия хоҳад буд ва вобастагону тарафдоронаш. Бубинед, Қаззофӣ тамоми абъоди қобили тасаввурро убур кард. Яъне шумо вақте сокинони як шаҳрро бо хумпора ё бо тӯп мавриди ҳамла қарор медиҳед, табиатан шумо наметавонед иддао букунед, ки шумо бо як дастаи шӯришӣ рӯ ба рӯ ҳастед. Мардуми бегуноҳ кушта мешаванд.

Ҳамин вазъ ҳоло дар Сурия ҳам пеш омадааст ва баъид нест, ки агар режими Асад ҳам ин ҷиноётро идома диҳад, вай ҳам бо ин масъала рӯ ба рӯ мешавад. Дунёи чаҳордевориву ихтиёрӣ ба поён расид. Дигар ҳар ҳокиме наметавонад иддао кунад, ки ин ҳавзаи ҳокимияти ман аст ва ин ҷо кишвари ман аст ва ман метавонам одам бикушам. Дар он гузориш ҳам ба назари ман муболиғае нашудааст ва нисбатан гузориши дақиқест. Тасаввур намекунам, ки гузориш мавриди эътироз қарор бигирад. Шояд, масалан, як ё ду кишвар аз дӯстони Қаззофӣ изҳори худнамоӣ кунанд, вале дар ниҳоят ин гузориш гузориши байналмиллалист, ки аз ҷониби ҷомеаи байналмиллалӣ ҳам ба расмият шинохта шудааст.

ҚАЗЗОФӢ ҲАМРОҲИ РАҲБАРОНИ ҶАҲОН ДАР АКСҲО


Қаззофӣ ва раҳбарони ҷаҳон