Комёбии "Истиқлол" дар сабқати тимҳои ноком

Тими «Истиқлол»-и Душанбе дар Мянмар дар даври дуввуми мусобиқоти гурӯҳӣ барои дарёфти Ҷоми раиси Иттиҳодияи футболи Осиё(AFC) бар тими «Йидзин»-и Бутан бо ҳисоби бузурги 8:0 пирӯз шуда, ба даври ниҳоии ин сабқат роҳ ёфт. 4 тӯбро дар ин бозӣ Фарҳод Тоҳиров, ду голро Фатҳулло Фатҳулоев ва ду голи дигарро Дилшод Восиев ва Акмал Сабуров заданд. «Истиқлол» дар даври аввал бар тими фаластинии «Ҷабал ал-Мукабир» низ баранда шуда буд ва акнун, сарфи назар аз натиҷаи бозии севвумаш бо барандаи феълии ин ҷом – «Яданарбон»- ба марҳалаи баъдии мусобиқот роҳхат гирифт. Ҷоми раиси AFC барои кишварҳои аз нигоҳи футбол заифест, ки ба мусобиқоти асосии қора роҳ надоранд.
«Истиқлол»-ро Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2007 таъсис додааст.