Дар Италия интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ ҷараён дорад

Дар Италия интихоботи маҳаллӣ озмуне барои сарвазири ин кишвар Силвио Берлусконӣ ба шумор меравад. Раъйдиҳӣ то поёни рӯзи душанбе идома хоҳад кард ва интизор меравад, ҳизби ҳокими ҳампаймони Берлусконӣ дар шаҳри шимолии Милан ба баргузории даври дувуми интихобот маҷбур хоҳад гашт. Интихоботи маҳаллӣ дар ҳоле баргузор мешавад, ки маҳбубияти сарвазири миллиардер зимни муҳокима ӯ дар додгоҳ бо иттиҳоми ҳамхобагӣ бо фоҳишаи ноболиғ ба пасттарин ҳад афтодааст. Мӯҳлати ҳукумати ӯ расман дар соли 2013 ба поён хоҳад расид.