Матлаби Блогистони Озодиро дар бораи қабули ҳуруфи ниёгон --форсӣ хондам ва хеле дар ҳайрат мондам, ки рӯзноманигор чӣ хел сирилликро бад мебинад ва ҳатто сирилликро ба ҳуруфи Ленин ном гирифта, ворисони кӣ будани худ ва дигаронро, умуман тоҷиконро аз сабаби истифодаи ҳуруфи яке аз забонҳо зери суол гузоштааст.
Дар Тоҷикистон, ҷаноби рӯзноманигор нагуфтанд, ки оё худашон бо ҳуруфи ниёгон эҷод карда метавонанд. Як нафаре назари худро навиштааст, ки бисёр нашриёти Тоҷикистон аз дигар расонаҳои хориҷӣ нусхабардорӣ мекунанд.
Оё Шумо, ҷаноби рӯзноманигор, мутмаинед, ки мӯҳтавои тоҷикии дар нашриёти кунунии ҷумҳурӣ нашр мешуда қобили қабул дар дигар кишварҳо ба монанди Афғонистон ва Эрон бошад? Агар эҷодиёти Шумо дар дохил ба фурӯш наравад, аз хориҷа чӣ умед? Аз рӯи мушоҳидаам, мебинам, ки мардум ба расонаҳои хориҷӣ ба монанди Озодӣ, Би-Би-Си, Ҷадид Онлайн таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд. Бештар маводи ҷолиби Азия Плюс бошад бо забони рӯсӣ нашр мешавад. Ба наздики Азия Плюс дар сомонааш бахшеро бо забони тоҷикӣ фаъол кардааст. Сомонаи Ховар (khovar.tj) бошад, ба се забон тоҷикӣ, русӣ ва инглисӣ ахборро нашр мекунад. Ин дар ҳолест, ки Радиои Тоҷикистон ва Ҷаҳоннамо бо забони арабӣ ва форсӣ низ барномаҳои худро пахш мекунанд. Оё расонаҳои дохилии бо ҳуруфи форсӣ-ниёгон нашр мекарда вуҷуд доранд? Дар хотир дорам сомонаи Маркази технологияҳои иттилооти ва иртиботии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (termcom.tj) бахши форсӣ дорад, ки аз хатогиҳои бисёр холӣ нест. Инчунин, сомонаи ҲНИТ (nahzat.tj) низ бахши форсӣ надорад.
Ман назари миёна ва бетараф дорам. Фарқе надорад ҳуруфи ниёгонро қабул кунем ё аз истифодаи сирилликро давом диҳем. Бигзор ҳуруфи ниёгон қабул шавад ва ҳуруфи сирилликро низ бояд донем. Аз сириллик пурра набояд рӯ гардонид ва набояд номашро ба Ленин баробар кард. Бори дигар мегӯям, назари ман миёна аст, банда тарафдори сириллик ва собиқ Шӯравӣ нестам. Шӯравӣ пош хӯрд ва ба оқиб дигар роҳ нест. Ҳамеша ба пеш! Он хатогиҳое ки доштем аз онҳо бояд омӯхт. Вақти он расидааст, ки ҳама шаҳрвандони Тоҷикстон бояд дарк кунанд, ки донистани забон ба онҳо имкониятҳои васеъро пешниҳод мекунад. Ҳар шахс агар ҳуруфи ниёгонро донад омӯхтани дигар забонҳо (арабӣ, форсӣ, дарӣ, урду, пашту ва ғайраҳо) осон мешавад, агар ҳуруфи сирилликро донад, забонҳои славяниро омӯхтанаш осон аст ва агар ҳуруфи лотиниро донад, бисёр забонҳои урупоиро омӯхта, мутолиа карда метавонад.
Бигзор ҳуруфи форсӣ-ниёгон қабул шавад, аммо набояд номи ин ё он ҳуруфро сиёҳ кард. Ин амалро пурра ба сиёсат омехта, худро дар ҳолатҳои ногувор мегузорем. Тасаввур кунед, ки чӣ мешуд агар муҳоҷирони ҷавон аз Тоҷикистон ҳуруфи сирилликро намедонистанд? Ҳуруфи ниёгон моро пайрави Исмоили Сомонӣ намекунад, балки пайрави Рӯдакӣ ва бузургони адабиёти форсу тоҷик. Дар як вақт ҳуруфи сириллик имкон медиҳад, ки бо осонӣ аз забони русӣ ва эҷодиёти нависандагон ва шоирони бузурги рус шинос шавем. Пайрави Рӯдакӣ ва ҳам Пушкин шудан кори бад нест. Сириллик пеш аз Ленин ба Осиёи Марказӣ омадааст ва бузургони тоҷик ба монанди Аҳмади Дониш сирилликро медонистанд, бо забони русӣ низ сӯҳбат мекарданд ва дар Русияи подшоҳӣ сафар карда буданд .
Шояд бисёр ашхос бо фикрҳои ман розӣ набошанд, ман бори дигар гуфтаниам, ки забон омӯзед, то ки дар замони ҷаҳонишавӣ, хусусан тавассути Интернет омӯзед ва потенсиол-гиреҳҳои истеъдоди худро боз кунед. Пурра гузаштан ба ҳуруфи ниёгон бояд марҳила ба марҳила сурат бигирад. Барои амалӣ шудани ин кор пеш аз ҳама ҳар фард омода шавад. Дар макотиби ҷумҳурӣ ҳуруфи ниёгонро таълим медиҳанд. Соати таълимро бояд зиёд кард. Агар имкон набошад, падару модар илова ба дарсҳои мактаб ба фарзандони худ хондан ва навиштанро омӯзонда метавонанд.
Ҷаноби рӯзноманигор, хуб мешуд агар эҷодиёти худро монанди бархе аз расонаҳои хориҷӣ ҳам ба ҳуруфи сириллик ва ҳам ба ниёгон нашр мекардед. Фикр мекунам ин амалатонро ҳеҷ кас дар ҷумҳурӣ манъ накарда, баракс истиқбол хоҳанд кард. Як рӯз маҳз бо ҳиссагузории расонаҳое, ки ҳам бо сириллик ва ҳам бо ҳуруфи ниёгон нашр мешаванд, тоҷикон ба ҳуруфи ниёгон гузашта метавонанд. Бидуни ҳамкорӣ ва интиқоди созанда пешравӣ нест.
Иброҳим Рустамов
Ҳартфорд, ИМА