Муҳокимаи як пешвои қазоқҳо дар Туркманистон

Мурофиаи додгоҳии Бисенгул Богдасинов, яке аз пешвоёни мӯътабари ҷомеаи қазоқҳо дар Туркманистон, ки ба тақаллубкорӣ муттаҳам мешавад, шурӯъ шуд. Ӯро додситонии ноҳияи Копетдоғ ба ришвахорӣ ва фаъолиятҳои ғайриқонунӣ муттаҳам мекунад. Писараш Алибек, ки дар шаҳри Алмаато ба сар мебарад, аввали ин моҳ ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, падараш ба қазоқтаборони Туркманистон аз роҳи қонунӣ кӯмак мекард, ба Қазоқистон муҳоҷират кунанд ва аз онҳо ҳаққи корашро мегирифт. Дидбони Ҳуқуқи Башар, охири моҳи гузашта гуфт, Бисенгул Богдасинов, дар миёни чаҳор нафаре аст, ки бо ангезаҳои сиёсӣ боздошт шудаанд.