Дар Либия як фаронсавӣ кушта, 4 нафар боздошт шуданд

Шабона як сарбози қарордодии Фаронса дар шаҳри Бенғозии Либия-маркази шӯришиёни ин кишвар дар ҳодисае дар як посгоҳ кушта, 4 нафари дигар боздошт шудаанд. Бернард Валеро-сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Фаронса ин ҳодисаро таъйид кард, вале нагуфт, ки ба сӯи сарбози қарордодии хусусӣ кӣ тир андохтааст. Мақомоти мухолифони Либия низ дар бораи боздошти 4 нафар фаронсавӣ маълумот надодаанд. Фаронса яке аз кишварҳои ҳомии шӯришиёни Либия аст, ки мехоҳанд Муаммар Қаззофиро аз қудрат барканор кунанд.