Диего Марадона ва Луис Фиго-футболбозони афсонавии ҷаҳон дар як бозии намоишии футбол дар шаҳри Грозний-маркази ҷумҳурии Чеченистони Русия бозӣ карданд. Рамазон Қодиров-раиси ҷумҳури Чеченистон низ дар ин бозӣ бозигар буд ва се гол ба самар расонд. Бозии дастаи миллии Грозний бо номи “Терек” бо дастаи байналмиллалӣ бо ҳисоби 5-2 анҷом ёфт. Дар варзишгоҳ, ки навсозӣ шудааст, 30 000 мухлис ҳузур доштанд. Рамазон Қодиров раиси дастаи “Терек” низ мебошад.