Жақсилиқ Досқалиев-вазири пешини тандурустии Қазоқистон барои ришвахорӣ ба додгоҳ кашонда шудааст. Вайро ҳамчунин барои суистифода аз мақом, моли худ кардани дороии давлатӣ, ришвахорӣ ва фурӯши ғайриқонунии дороӣ муттаҳам медонанд. Полиси молии ин кишвар мегӯяд, Досқалиеви 54-сола моҳи сентябр дар ҷараёни бозпурсӣ худро он гуна вонамуд кард, ки гӯё ба сактаи дил гирифтор шудааст. Вай он вақт дар бемористон бистарӣ шуда буд. 8-октябри соли 2010 Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон вайро аз мақомаш барканор кард. 10-ӯми май дар додгоҳи шаҳрии Остона мурофиаи додгоҳии вай оғоз ёфт.