Бозигарони афсонавии ҷаҳон бо дастаи чеченҳо бозӣ мекунанд

Қарор аст имрӯз футболбозони афсонавии ҷаҳон аз Диего Марадона то Луис Фиго дар бозии намоишии футбол дар Грозний-пойтахти Чеченистон бо дастаи футболи ин ҷумҳурӣ ширкат кунанд. Бозии онҳо дар варзишгоҳи нави ба номи Аҳмад Қодиров-раиси ҷумҳури собиқ ва падари раиси ҷумҳури кунунии Чеченистон Рамазон Қодиров баргузор мешавад. Ин варзишгоҳи нав то 30 000 ҷои нишаст дорад. Ин бозиро Рамазон Қодиров созмон додааст. Ду моҳи пеш вай мизбон ё меҳмондори дастаи Бразилия буд, ки дар соли 2002 Ҷоми қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард.