Корманди собиқи бахши узбакии радиои Озодӣ даргузашт

Зиёуддин Бобоқурбон-корманди собиқи радиои Озодӣ дар синни 80 солагӣ дар Туркия аз олам даргузашт. Вай 15 сол дар бахши узбакии радиои Озодӣ бо номи мустаори Туркистонлӣ Ҷонбой кор кард. Соли 1994 бознишаста шуд. Зиёуддин соли 1931 дар Марғелон дар хонаводаи сарватманд ба дунё омад. Дар овони кӯдакии вай оилаи онҳо аз Узбакистон ба Шинҷон-минтақаи убакнишини Чин фирор кард. Сипас онҳо ба Ҳиндустону Покистон муҳоҷир шуданд. Соли 1941 оилаи онҳо ба Туркия кӯч баст ва Зиёуддин Бобоқурбон дар он ҷо ба донишгоҳ дохил шуд ва дар риштаи рӯзноманигорӣ таҳсил кард. Вай баъд аз хатм рӯзномаи зиддишӯравии “Истиқлол газетӣ” таъсис дод. Баъдтар дар Мюнхен ба бахши узбакии радиои Озодӣ пайваст. Дар солҳои перестройка ва гласност раводиди Узбакистонро ба даст овард ва аз Самарқанду Тошканд боздид кард.