Нозирони ҳуқуқи башар дар Сурия мегӯянд, ҳукумати ин кишвар бештар аз 300 нафарро дар шаҳри бандарии Бониёс аз боздошт раҳо кардаанд. Бино ба гуфтаи нозирон, онҳо ҳафтаи гузашта баъд аз вуруди тонкҳо ва нируҳо ба ин шаҳр боздошт шуда буданд. Нозирон мегӯянд, ҳоло дар ин шаҳр дубора шабакаҳои обрасониро боз кардаанд, иртиботи телефонӣ барқарор шудааст ва ба аҳолӣ барқ дода мешавад. Аммо тонкҳо ҳанӯз дар хиёбонҳои шаҳр боқӣ мондаанд ва 200 нафар ҷонибдорони демократия дар боздошт ба сар мебаранд.