Вазъи бади маҳбусони зан дар зиндони Ғарчак

Зиндони Ғарчак дар канори Теҳрон

Пайвандони занони эроние, ки ба далоили сиёсӣ зиндонӣ шуда, ахиран ба як маҳбаси низомаш шадид мунтақил шуданд, дар номае ба раҳбари куммиссиюни ҳуқуқи инсони Эрон Муҳаммадҳасани Зиёифар хостори расидагии оҷили ӯ ба «шароити тоқатнопазир» дар ин зиндон шудаанд.
Ин нома, ки дар сомонаи kaleme.com нашр шуд, вазъи 600 маҳбуси зан дар зиндони Ғарчак дар ҳошияи Теҳронро фалокатбор арзёбӣ мекунад. Ин нома мегӯяд, маҳбусон дар Ғарчак рахти хоб ва шароити шустушӯ надоранд ва иддао мекунанд, ки зиндонбонон ба онҳо ҳатто ғизои кофӣ намедиҳанд.