Кори як нерӯгоҳи атомии Ҷопонро бозмедоранд

Мудирияти нерӯгоҳи барқи атомии Ҳамаокаи Ҷопон ризоият додааст, то замони расидагӣ ба масоили амниятӣ, фаъолияти нерӯгоҳро боздорад. Ҳукумати Ҷопон садама дар нерӯгоҳи барқи атомии Фукушима, ки бар асари заминларза ва сунамии харобиовар ба вуқӯъ пайваст, вазъи амниятии 54 реактори атомиро арзёбӣ карда ва аз мудирияти Ҳамаока чунин тақозо кардааст. Таъсисоти мазкур дар 200 километрии ғарби шаҳри Токио воқеъ шудааст ва муҳимтарин манбаъи таъмини нерӯи барқи манотиқи марказии Ҷопон аз ҷумла корхонаи мошинсозии Тойота аст. Нерӯгоҳҳои барқи атомӣ, сеяки кулли нерӯи барқ дар Ҷопонро ҳосил мекунанд.