Раҳбарони 48 кишвари пешрафта ва кишварҳои кӯмаккунандаву муасисаҳои имдодрасон имрӯз дар Истамбул дар конфронси СММ ширкат меҷӯянд. Онҳо барномаи рушди 10-солаи кишварҳои фақири ҷаҳонро баррасӣ хоҳанд кард. Раёсати ин конфронсро Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ бар ӯҳда хоҳад дошт. Қарор аст дар ин конфронс Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон низ ширкат кунад. Хосе Мануэл Бароссо- раиси кумиссиюни Аврупо низ дар ин конфронс хоҳад буд.