Амрико: Бин Лоден Ал Қоидаро фаъолона раҳбарӣ мекард

Амрико мегӯяд, Усома Бин Лоден-раҳбари шабакаи террористии Ал Қоида аз қароргоҳи худ дар Покистон ин шабакаро ба таври фаъол зери назорати худ доштааст. Ба гуфтаи Амрико, ҳоло душвор хоҳад буд, касе ҷои вайро бигирад. Том Донилон-мушовири амниятии Кохи Сафед ба яке аз барномаҳои NBC гуфтааст, Аймон Ал Завоҳирӣ- шаҳрванди Миср, ки аз муддатҳо қабл раҳбари шумораи дуи Ал Қоида шинохта мешуд, дар наздикиҳои маҳалле, ки Бин Лоден ба сар мебурд, зиндагӣ намекунад. Вай ҳамчунин гуфт, то ҳол нишонаҳое вуҷуд надорад, ки Покистон аз маҳали иқомати Усома Бин Лоден огаҳ буд. Донилон гуфт, Амрико мехоҳад бо се хонуми Бин Лоден, ки ҳоло дар зиндоне дар Покистон қарор доранд, гуфтугӯ кунад.