Ширкатдорони задухӯрд дар Қоҳира муҷозот мешаванд

190 нафар ширкатдорони задухӯрд миёни мусалмонҳо ва насрониҳо дар шаҳри Қоҳира мавриди муҳокима дар додгоҳи низомӣ қарор мегиранд. Дар ин бора имрӯз Шӯрои олии низомии Миср хабар дод.

Бар асари ин задухӯрд 9 кас кушта шуда ва беш аз сад нафар ҷароҳат бардоштанд. Калисои насронӣ, ки задухӯрд дар канори он рух дод, ба оташ кашида шуд. Кормандони полис ба хотири ором кардани ҷамъомадагон аз гази ашковар истифода кард.

Задухӯрд баъд аз он шурӯъ шуд, ки гурӯҳи мусалмонҳои салафӣ хостори баргардонидани як хонум аз ҷамоаи насрониҳо шуданд. Ба гуфти онҳо, ин хонум исломро қабул кардааст ва аммо насрониҳо ӯро аз роҳи зӯрӣ дар калисо нигаҳ медоранд.

Раиси ҳукумати муваққати Миср Шараф Иссом маҷбур шуд, ки сафари худ ба кишварҳои Ховари Миёнаро лағв кунад ва ҷаласаи оҷили кобинаро даъват намояд.