Бар асари задухӯрд дар зиндони Бағдод 18 нафар – 7 корманди полис ва 11 маҳбус ба ҳалокат расиданд.
Гуфта мешавад, миёни кушташудагон яке аз раҳбарони маҳаллии “Ал-Қоида” низ ҳаст, ки бештар ҳамчун “Амири Бағдод” маъруф буд. Ӯ яке аз созмондиҳандагони эҳтимолии ҳамла ба калисои насрониҳо дар Бағдод дар тирамоҳи соли гузашта буд, ки бар асари он дасти кам 50 нафар ба ҳалокат расида буданд.
Бар пояи иттилоъи расмӣ, бенизомиҳо дар маҳбаси вазорати умури дохилаи Ироқ баъди он шурӯъ шуданд, ки чанд тан аз маҳбусон силоҳи нозиронро кашида гирифта, сӯи онҳо оташ кушоданд.
Масъулини нерӯҳои амниятӣ хабар доданд, ки ошӯб дар маҳбас саркӯб шуд ва нафаре аз маҳбусон фирор накардааст.