Ҳалокати 9 нафар дар задухӯрди мазҳабӣ дар Қоҳира

Задухӯрд миёни мусалмонҳову насрониҳо дар шаҳри Қоҳира, пойтахти Миср, 9 кушта бар ҷой гузошт. Беш аз сад нафар маҷрӯҳ шуданд.Дар ин бора табибон ва кормандони ҳифзи тартиботи Қоҳира ба хабаргузориҳо иттилоъ додаанд.

Калисои насронӣ, ки задухӯрд дар канори он рух дод, ба оташ кашида шуд.
Полис ба хотири ором кардани тазоҳургарон аз гази ашковар истифода кард.

Задухӯрд баъд аз он шурӯъ шуд, ки гурӯҳи мусалмонҳои салафӣ ба калисо ворид ва хостори баргардонидани як хонум аз ҷамоаи насрониҳо шуданд. Ба гуфтаи онҳо, ин хонум исломро қабул кардааст ва аммо насрониҳо ӯро аз роҳи зӯрӣ дар калисо нигаҳ медоранд.