Бар асари ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ ба дафтари волии Қандаҳор, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, тибқи иттилоъи ахир, дасти кам 24 нафар маҷрӯҳ шуданд. Даҳ нафари онҳо кормандони полисанд. Дар ин бора табибони бемористони маҳаллӣ хабар доданд.
Хабаргузории Франс-Пресс бо такя ба намояндаи ҳукумати Қандаҳор Залмай Аюбӣ иттилоъ дод, ки дар шаҳр дар маҷмӯъ даҳ таркиш рух дод, ки шаштои онро маргталабон анҷом додаанд.
Охири моҳи гузашта аз маҳбаси қандаҳор тақрибан 500 маҳбус фирор карданд, ки як гурӯҳи онҳо мусаллаҳони толибон буданд.
Масъулияти ҳамлаи ахир ба бинои ҳукумати Қандаҳорро ҷунбиши «Толибон» бар дӯш гирифт.