Бадахшон: «Тангем»-ҳо мардумро танг мекунанд

Дар Хоруғ сафи пиёдагардон якбора зиёд шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки нақлиёти асосии мусофиркаши шаҳр- «Тангем» -ҳо кӯчаву бозорҳоро пур кардаанд.
Аммо ду маротиба афзоиш ёфтани нархи роҳкиро бештари сокинонро аз «Тангем»- ҳо бароварда, маҷбур сохт боз мисли солҳои пеши бӯҳронӣ ва камбуди нақлиётӣ, дар шаҳр пойи пиёда ҳаракат кунанд.

"ТАНГЕМ"-ҲО ЯККАТОЗӢ МЕКУНАНД

Юсуфи Мавлодод, як ронандаи «Тангем» гуфт, ки барояшон нигоҳҳои бадбинона ва суханони маломатомези мусофиронро шунидан гарон аст, аммо аз 6 сомонӣ убур кардани нархи як литр бензин ронандагонро маҷбур сохт, роҳкироро ҳам боло баранд. Вай гуфт: «Ҳанӯз саҳар бензин 6 сомониву 30 дирам буд, ҳоло 6 сомониву 40 дирам шудаст, бензин дар Хоруғ рӯз ба рӯз не, соат ба соат қимат мешавад.»

Ба гуфтаи як ронандаи дигар, чанд нафаре аз онҳо ба қавле «бо амри виҷдон» аз иқдоми баланд бардоштани нархи роҳкиро худдорӣ варзиданд, аммо афзоиши бемайлони нархи сӯзишворӣ ба онҳо фишор меорад ва онҳо низ маҷбур гардиданд, аз ҳамкасбони дигарашон пайравӣ кунанд. Вай гуфт: «бо қарзи бонкӣ мошин гирифтем, агар ҳукумат нархи сӯзишвориро танзим карда натавонад, мо наметавонем, хисоротро аз кисаамон ҷуброн кунем ва маҷбурем нархро баланд бардорем."

Ронанда Собири Файзуллобек мегӯяд, ки баланд шудани нархи роҳкиро ба фоидаи онҳо нест, зеро мусофирон камтар савор ва даромади ронандагон ҳам коҳиш ёфта коҳиш меёбад. Вале ба таври бесобиқа боло рафтани нархи сӯзишворӣ ахиран соҳибони «Тангем»-и камхарҷро низ муфлис мегардонад.
ХОРУҒИҲО ДАР ФИКРИ ВЕЛОСИПЕД АФТОДААНД

Аммо шаҳрвандон мегӯянд, ки кисаи онҳо дигар тавони бардоштани қимати маводи ғазо ва роҳкиро, ки ба дунболи гароншавии нархи сӯзишворӣ ба миён омадааст, надорад. Иддае аз шаҳрвандон изҳор доштанд, ки онҳо дар фикри хариди велосипед афтоданд ва мегӯянд, ки бо дарёфти ин васила ба осон гаштани мушкили омадурафт умед мебанданд. Аммо ронандагони «Тангем»-ҳоро ба беасос боло бурдани роҳкиро муттаҳам медонанд.




Қаблан аз ҳисоби бунёди президенти кишвар ба мақсади беҳтар намудани хизматрасонӣ ба мардум ба шаҳру навоҳӣ автобусҳо тақдим гардиданд. Аммо ин автобусҳоро дар рӯзҳои аввали пайдо шуданашон «Тангем»-ҳои камхарҷ аз роҳҳо танг карда бароварданд ва ташаббусро дар ҳамлу нақли мусофирон дар шаҳру навоҳии вилоят ба даст гирифтанд. Вале вақте «Тангем»-ҳои арзон ва ба қавле «беозори чинӣ» ба мусофирон «дандон нишон доданд» ва қимати роҳкиро боло рафт, шаҳрвандон ба автобусҳо - рақибони аз пойафтодаи «Тангем»-ҳо чашми умед дӯхтанд.

"ТАНГЕМ"- РАҚИБИ САРСАХТИ АВТОБУС

Аммо айни ҳол бо кӯмаки мақомоти маҳаллӣ, автобусҳо бо «Тангем» -ҳо фақат дар масири Хоруғ-Поршинев ба рақобат пардохтанд. Натиҷаи рақобат аён сохт, ки автобусҳо наметавонанд бо роҳкироӣ арзонтар рақибони сарсахташон «Тангем»-ҳоро пурра дар инзивоъ қарор диҳанд.

Зеро автобусҳо дар соатҳои таҷҷамӯи зиёди мардум ду бор- саҳар ва бегоҳ мусофир бурда, фақат дар ин маворид метавонанд хароҷоташонро пӯшонанд ва дар ин байн аз саҳар то бегоҳ боз мусофирон илоҷе ҷуз аз рӯ овардан ба хизмати «Тангем»-ҳоро надоранд.

Аммо коршинос Рустами Содиқиён чунин мешуморад, дар ҳоле, ки ҳукумат қаблан роҳҳои алтернативии воридоти сӯзишвории арзонтарро ба кишвар фикр накард, таъсири он дар мавриди ба танзим даровардани нархи хизматрасонии васоити нақлиётӣ заъиф мебошад.

Дар ҳамин ҳол як нафар мусофир ғазаби боло рафтани нархҳоро ба сари «Тангем» рехта, шишаи онро онро шикастааст. Ронанда мегӯяд, ки зарарро ҷуброн кардааст, аммо барои ба таври бесобиқа боло рафтани нархҳои молу мавод ва хизматрасонӣ танҳо «Тангем» -ҳо гунаҳкор нестанд.