Бонки исломии рушд барои тарҳи бунёди марҳалаи сеюми роҳи Шоҳон-Зиғар ба ҳукумати Тоҷикистон 18,7 миллион доллар қарз ҷудо кард.
Ба иттилоъи хабаргузории Азия Плюс, созиш дар бора аз сӯи вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва раиси дафтари минтақаии Бонки исломии рушд Ҳишам Толиб Маъруф дар шаҳри Душанбе имзо шуд.
Гуфта мешавад, ки ин қарз ба мӯҳлати 25 сол дода шудааст, ки фойизи ҳафт соли аввал он 2,5 дар сад аст.
Бунёди роҳи мошингарди Шоҳон-Зиғар соли 2003 шурӯъ шуда буд. Тӯли ин роҳ дар минтақаи душворгузари соҳили рудхонаи Панҷ 34 километр аст ва дар он се купрук сохта хоҳад шуд.
Баъд аз анҷоми корҳои роҳсозӣ роҳи Шоҳон-Зиғар бо масири Зиғар-Шкев, ки соли 2003-2005 бунёд шуда буд, пайваст мешавад.