Бино ба гузоришҳо, имрӯз дар Сурия ҳазорон нафар ба эътирозгарон пайвастанд ва хатми режими Башор Асад-раиси ҷумҳури ин кишварро тақозо карданд. Шоҳидони айнӣ ва фаъолон мегӯянд, садҳо нафар дар яке аз маҳаллоти шаҳри Димишқ раҳпаймоӣ карданд ва шиор медоданд, ки мардум барканории режимро тақозо мекунанд. Дар шаҳраки соҳилии Бониос беш аз 5 000 нафар шиор ва парчамҳо дар даст дар бораи тағири режими кунунӣ шиор медоданд. Бино ба гузоришҳо, дар давоми чанд ҳафтаи тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Сурия 560 нафар кушта шудаанд.