Бино ба гузоришҳои расида аз Покистон, мақомоти кашфи ин кишвар мегӯянд, ки як ҳавопаймои бесарнишини Амрико имрӯз дар минтақаи қабиланишин ба сӯи хонае мушак андохтааст. Дар оташи мушак дастикам 8 нафар шӯришӣ кушта шудаанд. Як мақоми кашф гуфтааст, қароргоҳе ва мошине дар минтақаи Дата Хел дар Вазиристони Шимолӣ ҳадаф қарор гирифтаанд.