Бунёди кӯмак ба шӯришиёни Либия таъсис мешавад

Сокинони Мисурата вориди Бенғозӣ шуданд

Бунёди кӯмак ба шӯришиёни Либия ҳафтаҳои наздик таъсис дода мешавад.

Дар ин бора вазири умури хориҷии Италия Франко Фраттинӣ дар нишасти кишварҳои узви Гурӯҳи байнулмилалии тамос оид ба Либия хабар дод. Дар ин нишаст вазирони умури хориҷии ин гурӯҳ ширкат карданд.

Аз ин пеш намояндагони Шӯрои миллии муваққати Либия изҳор карда буданд, ки моҳҳои наздик ба яку ним миллиард доллар ниёз хоҳанд дошт.

Имрӯз як киштӣ бо 1300 нафар аз шаҳри Мисурата, ки дар муҳосираи нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ қарор дорад, дар бандари шаҳри Бенғозӣ лангар партофт. Бештари мусофирони киштӣ хориҷиён ва афроди маҷрӯҳанд.

Дирӯз бандари Мисурата ҳадафи тирборон қарор гирифта буд. Панҷ нафар ба ҳалокат расиданд.