Ал-Адлӣ ба 12 соли маҳбас маҳкум шуд

Додгоҳи Миср собиқ муовини вазири умури дохилии кишвар Ҳабиб ал-Адлиро ба 12 соли маҳбас маҳкум кард.

Ал-Адлӣ дар фасод ва шустушӯи пул айбдор шудааст. Додситонӣ ӯро ҳамчунин аз рӯи дигар парванда – ҳалокати намоишгарон дар бархӯрд бо полис замони эътирозҳои мардумӣ дар Миср дар авоили соли равон ҳам муттаҳам мехонад.

Бар асари он эътирозҳоии густурда 11 феврал раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак ба истеъфо рафта буд.

Ҳабиб ал-Адлӣ яке аз ҳампаймонҳои наздики Муборак маҳсуб мешуд.