Сайёҳи амрикоӣ дар додгоҳи Теҳрон ширкат нахоҳад кард

Ҷавонзани амрикоӣ, Сара Шруд, ки баъд аз 14 моҳи ҳабс дар Эрон ба озодӣ баромадааст, мегӯяд, хостори бозгашт ва ширкат дар муҳокимаи додгоҳ дар Эрон нест. Вай ҳамроҳи ду сайёҳи дигари амрикоӣ соли 2009 дар марзи Эрон боздошт шуда буд. Шруд мегӯяд, бозгашти ӯ мушкилоти наве ба бор меорад. Пизишкон аз бемориҳои афсурдагӣ ва бесуботии афкори Шурд, ки бар асари нигаҳдошти дар ҳуҷраи якнафарии зиндон рӯ задааст, ҳушдор додаанд. Номзади Шруд, Шайн Бойер ва дӯсти ӯ Ҷош Фаттал ҳамоно дар маҳбаси Эрон боқӣ мемонанд. Мақомоти эронӣ онҳоро ба ҷосусӣ муттаҳам карданд, вале онҳо ин иттиҳомро рад мекунанд.