Янукович танқидҳои ноозодии матбуотро рад кард

Раисиҷумҳури Украина, Виктор Янукович, интиқоди дохилӣ ва хориҷиро аз вазъи матбуот дар ин кишвар рад кард. Созмонҳои ҳуқуқи башар ҳукумати Януковичро айбдор мекунанд, ки маъракаи зери назорат гирифтани матбуотро ба роҳ мондааст. Дар гуфтугӯ бо журналистон Янукович талаб кард, ки барояш дар ин маврид далелҳои қотеъ оварда шавад. Ин дар ҳолест, ки созмони “Хонаи озодӣ” матбуоти Украинаро ноозод номид ва Иттифоқи миллии журналистони Украина рӯзи сешанбе Януковичро “душмани шумораи аввали озодии матбуот” хонд.