Расонаҳои хабарии Русия иттилоъ додаанд, ки дар натиҷаи як задухӯрд байни муҳоҷирони тоҷик ва доғистонӣ дар шарқи Маскав 1 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва ду тани дигар шадидан маҷрӯҳ шудаанд. Ин занозанӣ ду рӯз пеш рух дода, сабабҳои он шарҳ дода нашудаанд. Муҳоҷирони доғистонӣ бо корду табару калтакҳои оҳанӣ ногаҳон ба маҳалли кори муҳоҷирони тоҷик дар сохтмони як бино ҳамла карда, афроди зиёдеро захмӣ кардаанд ва ду нафарро аз ошёнаи чаҳорум ба замин партофтаанд, Яке аз онҳо бо сутунмӯҳраи шикаста дар бемористон аст. Шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки дар бемористон ҷон дод, аз тарафи ашхоси номаълум ба бемористон интиқол дода шудааст.