Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз қонунгузорони кишвараш дархост кард, ки рӯҳияи ваҳдати миллиро, ки баъд аз марги Усома Бен Лоден мушоҳида шуд, идома диҳанд. Вай гуфт:
“Шумо медонед, ман фикр мекунам, мо як навъ эсоси ваҳдатро мушоҳида мекунем, ки баъд аз ҳодисаи 11-ӯми сентябри соли 2001 ба вуҷуд омада буд. Ба мо бори дигар ёдоварӣ карданд, ки дар рафтори мардуми мо як навъ ифтихор барои хостаҳояш ва барои дастовардҳояш дида мешавад, ки аз ҳизбу аз сиёсат хеле амиқтар аст”.
Ҳамзамон Шӯрои Амнияти СММ аз кишварҳо хост, ки талошҳои худро барои мубориза бар зидди терроризм тақвият бахшанд. Дар идомаи вокунишҳои байналмиллалӣ Чин гуфт, куштори Бен Лоден дар мубориза бар зидди терроризм “рӯйдоди аслист”.