Телевизиони арабии Ал-Ҷазира мегӯяд, мақомоти Яман тамоми дафтарҳои ин шабакаи моҳвораиро дар ин кишвари ҷануби нимқораи Араб бастаанд. Мақомоти давлати Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ қаблан Ал-Ҷазираро ба тарафгирӣ аз тазоҳургарон айбдор карданд. Эътирозҳо бо талаби истеъфои Солеҳ, ки 32 сол боз бар ин кишвари фақир ҳукумат меронад, ду моҳ боз идома дорад.