Илюмжинов: "Шоҳмот дар мактаб фанни ҳатмӣ шавад"

Кирсан Илюмжинов

Раиси Федеросиюни ҷаҳонии шоҳмот(ФИДЕ) Кирсан Илюмжинов ба мақомоти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки шоҳмотро ҳамчун як фанни ҳатмӣ ба барномаи таълимии макотиб ворид кунанд. Илюимжинов зимни боздидаш аз Тоҷикистон ҳамчунин ҷиҳати сохтани Маркази рушди шоҳмот ва баргузории як сабқати байналмилалӣ дар ин навъи варзиш дар Душанбе ваъда супурд. Тибқи ваъда, ин сабқат бояд соли оянда дар пойтахти Тоҷикистон доир шавад.
Кирсан Илюмжинов, ки бо сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов мулоқот кард, гуфт, созишнома дар мавриди бунёди Маркази рушди шоҳмот дар Душанбе то моҳи май таҳия хоҳад шуд.