Бар асари тирборон дар Даръо шаш кас кушта шуданд

Дар шаҳри Даръои Сурия бар асари тирборони гурӯҳи тазоҳургарони дар канори масҷиди Умарӣ ҷамъомада шаш нафар кушта шуданд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар дар ин ҳодиса кормандони хадамоти амниятиро айбдор карда ва гуфтанд, ки се нафари кушташудагон табибон буданд.

Ва аммо ҳукумати Сурия масъулияти ин кушторро бар дӯши гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноӣ гузоштанд.

Субҳи имрӯз садҳо нафар дар намоиши эътирозӣ гирди ҳам омаданд. Дар минтақаи гирдиҳамоӣ мақомоти шаҳр интиқоли барқ ва робитаи телефониро қатъ кардаанд.

Иттиҳодияи Аврупо аз сӯи Димишқ саркӯб шудани намоишҳои эътирозии мухолифини ислоҳотхоҳро маҳкум намуд.

Аз ин пеш ҳам хабар дода мешуд, ки ҳангоми пароканда кардани гирдиҳамоии эътирозӣ дар шаҳри Даръо чанд нафар кушта шудаанд.