Нирӯҳои эътилоф шаби чорум аст, ки ба ҳамлаҳои ҳавоӣ алайҳи Либия идома медиҳанд. Ҳадафи ин ҳамлаҳо пойгоҳҳои ҳавоӣ ва нирӯҳои заминии раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ ва ҳам пойгоҳҳои баҳриву фурудгоҳҳои ӯст. Дабири кулли НАТО Андерс фоғ Расмуссен гуфт, ин паймон розӣ шудааст, то бар иҷрои режими манъи фурӯши аслиҳа ба Либия назорат барад. Расмуссен гуфт, НАТО барномаи кумак ба иҷрои тақозои минтақаи барои парвозҳо мамнӯъ кардани фазои Либияро ҳам таҳия кардааст, ки дар сурати зарурат истифода хоҳад шуд. Кохи Сафед гуфт, Амрикову Бритониё ва Фаронса дар мавриди нақши калидии сохторҳои НАТО дар амалиёти низомӣ алайҳи Либия ба тавофуқ расидаанд. Аммо Қаззофӣ гуфтааст, ки онҳо нирӯҳои эътилофро шикаст хоҳанд дод. Даргириҳо байни нирӯҳои Қаззофӣ ва чирикиҳо, бино ба хабарҳо, дар шаҳрҳои Мисротаву Зинтон ва Яфрон идома доштааст.