Путин аз қатъномаи Шӯрои амнияти СММ интиқод кард

Владимир Путин, нахуствазири Русия, аз қатъномаи Шӯрои амнияти Сjозмони Милали Муттаҳид дар бораи ташкили минтақаҳои мамнӯъ барои парвозҳо дар фазои Либия интиқод кард.

Дар мулоқот бо коргарон дар ҷумҳурии Удмурдистон ӯ гуфт, ки дар Либия демократия нест ва аммо ин маънои онро надорад, ки бояд ба ин низоъи дохили кишвар дахолат кард.

Путин амалиёт дар Либияро бо “ҷанги салибии қарнҳои миёна” мусовӣ хонд.

Русия ҳаққи вето дар Шӯрои амнияти СММ-ро дорад ва аммо ҳангоми раъйдиҳӣ оид ба қатънома дар робита ба Либия ин кишвар бетарафиро авлотар донист