Кобинаи вазирони Яман пурра ба истеъфо рафт

Идомаи эътирозҳои зидди Солеҳ дар Санъо

Раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ дар пасманзари шиддат гирифтани эътирозҳо бо талаби истеъфои ӯ кобинаи вазиронашро мунҳал кард. Бархе дар Яман аммо мегӯянд, Солеҳ ҳанӯз қаблан аз онки вазиронаш ба нишони эътироз ба саркӯбии тазоҳурот истеъфо диҳанд, ба барканории онҳо иқдом кардааст. Дирӯз хабаргузориҳои ғарбӣ аз қавли вазорати хориҷаи Яман хабар доданд, ки сафири Санъо дар СММ Абдуллоҳ Ал-Саидӣ ба нишони эътироз ба тирборони беш аз 50 тазоҳургар, ки рӯзи 18 март дар пойтахти Яман рух дод, истеъфо додааст. Дабири кулли СММ Бан Ки Мун гуфт, истеъфои кобина роҳи ҳалли мушкили Яман нест. Ӯ аз давлати Яман хост, ба муколамаи фарогир шурӯъ кунад.