Мақомоти Амрико мегӯянд, ҳамлаҳои эътилоф алайҳи Либия дар ду рӯзи гузашта мунҷар ба тахриби шабакоти дифоъи ҳавоии режими Муаммар Қаззофӣ шуда, фазои ин кишвари арабии шимоли Африқо амалан ба минтақаи барои парвозҳо мамнӯъ табдил ёфтааст.
Амрико оташбаси аз сӯи нирӯҳои Қаззофӣ эълоншударо радд карда, гуфт, ин иддао дуруст нест ва билофосила аз сӯи нирӯҳои Қаззофӣ поймол карда шуд. Рӯзи якшанбе силсилаи таркишҳо пойтахти Либия – Троблусро таккон дод ва бино ба хабарҳо, қароргоҳи хусусии Қаззофӣ низ асобат ва тахриб шудааст. Гузоришҳо ҳокист, ки ҳавопаймоҳои Бритониёву Фаронса ва Амрико дар баробари пойгоҳҳои ҳавоӣ тонкҳову васоили дигари нақлияи артиши Қаззофӣ дар ҷануби Бенғозӣ, маркази чирикиҳоро низ ҳадаф қарор додаанд.
Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс аммо гуфт, Вошингтон то чанд рӯзи дигар фармондеҳии амалиётҳои низомӣ дар Либияро ба Бритониё, ё Фаронса, ё ба НАТО таҳвил хоҳад дод.