Табрикоти наврӯзии Барак Обама

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар як паёми вижаи наврӯзӣ гуфт, дар ин рӯз барои онҳое, ки дар Амрико ва саросари ҷаҳон аз иди Наврӯз таҷлил мекунанд, беҳтарин орзуи худро мерасонад. Обама паёми наврӯзиашро бо як ҷумлаи форсӣ поён дод, ки “Иди шумо муборак!”

Бахши аъзами паёми Обама марбут ба Эрон ва идомаи таъқиби дигарандешон дар ин кишвар буд. Ӯ аз ҷавонони Эрон бахусус ёд кард ва гуфт, онҳоянд, ки масири ояндаи кишвари худро бояд таъйин кунанд.

Обама бо ишора ба ҳаводиси ахири ҷаҳони Араб гуфт, бо вуҷуди чолишҳои ҳанӯз мавҷуд дар Ховари Миёна ва Африқои шимолӣ “фасли умеду эҳё” фаро мерасад.

Қабл аз ин, Кеннет Гросс, сафири Амрико дар Душанбе, низ дар як паёми видеоӣ мардуми Тоҷикистонро ба иди Наврӯз табрик гуфта буд.