Қаззофӣ бо нигаронӣ аз оғози амалиёти нерӯҳои Амрикову Аврупо гуфтааст, дар ин ҷанг пирӯз хоҳад шуд.
Рӯзи 19-уми март, Фаронсаву Бритониё ва Амрико барои пешгирӣ аз ҳамлаи баъдии нерӯҳои Қаззофӣ ба шаҳрвандон ва мухолифон ҳамлаҳои низомиро оғоз карданд.
Нерӯҳои Аврупову Амрико дар марҳилаи нахуст ба ҳадафҳои стротегии Либия зарба заданд, то нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофиро заиф созанд.
Киштиҳои ҷангӣ ва зериобии Амрикову Бритониё аз баҳри Миёназамин шабона ҳудуди 110 мушаки Томаҳавк парронданд, то қудрати дифои ҳавоии Қаззофиро дар шаҳрҳои Троблус ва Мисурато фалаҷ созанд. Шабона садои оташ бар зидди ҳавопаймоҳо дар Троблус ба гӯш мерасид, бо вуҷуди он ки нуқтаи он маълум набуд.
БУЗУРГТАРИН МУДОХИЛАИ ҒАРБ
Шабакаи телевизионии "CBS News"-и Амрико низ хабар дод, ки ҳавопаймоҳои бомбафкани навъи "B-2"-и Амрико ба пойгоҳҳои ҳавоии Либия 40 бомб партофтаанд.
Бо вуҷуди ин, Вазорати дифои Амрико ин хабарро таъйид накардааст. Ҳамлаҳои Амрикову Бритониё дар ҳоле анҷом гирифт, ки ҳавопаймоҳои низомии Фаронса рӯзи 19-уми март тонкҳо ва техникаи зиреҳдори ҳукуматиро дар Бенғозӣ, маркази мухолифони Қаззофӣ, аз кор бароварданд.
Амалиёти нерӯҳои эътилофӣ дар Либия бо номи “Бомдоди Оддисей” шурӯъ шудааст ва ба он нерӯҳову таҷҳизот аз Амрикову Бритониё, Фаронсаву Итолиё ва Дания ҷалб шудаанд. Ин амалиёт яке аз бузургтарин мудохилаи низомии Ғарб ба ҷаҳони араб баъд аз таҷовузи соли 2003 ба Ироқ мебошад ва он баъд аз тасмими раҳбарони кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ оғоз шудааст.
Онҳо рӯзи шанбе, 19-уми март, тасмим гирифтанд, ки бо чунин мудохилаи низомӣ аз ҳамлаҳои баъдии нерӯҳои Қаззофӣ ба шаҳрвандон ва мухолифон пешгирӣ кунанд.
"ДИКТАТОРҲО ЗЕРИ ПО МЕШАВАНД"
Телевизиони давлатии Либия хабар додааст, ки пас аз оғози амалиёти нерӯҳои ғарбӣ дар Либия дар ин ҳамлаҳо 50 нафар кушта ва беш аз 150 нафари дигар захмӣ шудаанд. Ин шабакаи телевизионӣ саҳнаҳоеро нишон додааст, ки захмиҳо дар бемористонҳо кӯмаки тиббӣ мегиранд, бо вуҷуди ин ки онро манобеъ таъйид накардаанд.
Дар навори телевизионӣ Муаммар Қаззофии 68-сола ҳамчунон саркаш ба назар мерасид ва мегуфт, ки вай барои шикаст додани нерӯҳои ғарбӣ омода аст. Вай мегуфт, “ин ҷанги машҳури давомдор” хоҳад буд.
Қаззофӣ гуфт, “Шумо ҳақ нестед. Шумо таҷозувгар, шумо ҳайвон, шумо ҷинояткор ҳастед. Кишварҳоятон бар зидди шумо ҳастанд. Дар ҳар ҷои Аврупо, дар Амрико бар муқобили ин иқдоме, ки бар зидди мардуми бегуноҳи Либия кардаед, тазоҳурот аст. Мардум бо мо ҳастанд. Ҳатто мардуми шумо бо мо ҳастанд. Тамоми мардуми сайёра бар зидди шумоанд. Шумо мисли Ҳитлер шикаст мехӯред. Мисли Наполеон, мисли Мусоллинӣ шикаст мехӯред. Ҳамаи диктаторҳо зери пои мардум мешаванд. Ин давра давраи мардум ва инқилоби бузург аст.”
АМРИКО ВА "БОМДОДИ ОДДИСЕЙ"
Чин ва Русия, ки аз райдиҳӣ барои қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ худдорӣ карданд, аз амалиёти “Бомдоди Оддисей” изҳори нигаронӣ карданд ва гуфтанд, ки он сабаби талафоти зиёди шаҳрвандон мешавад.
Аммо Барак Обама, раисҷумҳури Амрико, аз ин амалиёт ҳимоят кард ва гуфт, вай иҷоза додааст, ки барои дифоъ аз мардуми Либия “амалиёти маҳдуд” анҷом гирад.
“Мо наметавонем вақтро талаф диҳем, то замоне ки ин диктатор ба мардумаш бигӯяд, ки ҳеҷ кайфаре вуҷуд надорад ва нерӯҳояш амалиёти таҳоҷумиро дар шаҳрҳое аз қабили Бенғозиву Мисурато анҷом медиҳанд ва мардону занони бегуноҳ аз дасти ҳукумати худашон ба бераҳмиву қатл рӯ ба рӯ мешаванд. Ин аъмол сазои худро дорад ва тасмими маҳофили байналмиллалӣ бояд иҷро шавад. Ин аст сабаби ташкили эътилоф”,-афзуд ӯ.
Ҳоло фармондеҳии амалиёти эътилоф дар Либияро Амрико ба дӯш дорад. То ҳол рӯшан нест, ки дар ин ҳамлаҳо ба пойгоҳҳои ҳавоӣ ё низомии Либия чӣ қадар осеб расидааст.
Телевизиони давлатии Либия хабар додааст, ки пас аз оғози амалиёти нерӯҳои ғарбӣ дар Либия дар ин ҳамлаҳо 50 нафар кушта ва беш аз 150 нафари дигар захмӣ шудаанд...
Нерӯҳои Аврупову Амрико дар марҳилаи нахуст ба ҳадафҳои стротегии Либия зарба заданд, то нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофиро заиф созанд.
Киштиҳои ҷангӣ ва зериобии Амрикову Бритониё аз баҳри Миёназамин шабона ҳудуди 110 мушаки Томаҳавк парронданд, то қудрати дифои ҳавоии Қаззофиро дар шаҳрҳои Троблус ва Мисурато фалаҷ созанд. Шабона садои оташ бар зидди ҳавопаймоҳо дар Троблус ба гӯш мерасид, бо вуҷуди он ки нуқтаи он маълум набуд.
БУЗУРГТАРИН МУДОХИЛАИ ҒАРБ
Шабакаи телевизионии "CBS News"-и Амрико низ хабар дод, ки ҳавопаймоҳои бомбафкани навъи "B-2"-и Амрико ба пойгоҳҳои ҳавоии Либия 40 бомб партофтаанд.
Бо вуҷуди ин, Вазорати дифои Амрико ин хабарро таъйид накардааст. Ҳамлаҳои Амрикову Бритониё дар ҳоле анҷом гирифт, ки ҳавопаймоҳои низомии Фаронса рӯзи 19-уми март тонкҳо ва техникаи зиреҳдори ҳукуматиро дар Бенғозӣ, маркази мухолифони Қаззофӣ, аз кор бароварданд.
Амалиёти нерӯҳои эътилофӣ дар Либия бо номи “Бомдоди Оддисей” шурӯъ шудааст ва ба он нерӯҳову таҷҳизот аз Амрикову Бритониё, Фаронсаву Итолиё ва Дания ҷалб шудаанд. Ин амалиёт яке аз бузургтарин мудохилаи низомии Ғарб ба ҷаҳони араб баъд аз таҷовузи соли 2003 ба Ироқ мебошад ва он баъд аз тасмими раҳбарони кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ оғоз шудааст.
Онҳо рӯзи шанбе, 19-уми март, тасмим гирифтанд, ки бо чунин мудохилаи низомӣ аз ҳамлаҳои баъдии нерӯҳои Қаззофӣ ба шаҳрвандон ва мухолифон пешгирӣ кунанд.
"ДИКТАТОРҲО ЗЕРИ ПО МЕШАВАНД"
Наметавонем вақтро талаф диҳем, то замоне ки мардону занони бегуноҳ аз дасти ҳукумати худашон ба бераҳмиву қатл рӯ ба рӯ мешаванд...