Эътилофи Амрикову Аврупо нерӯҳои Қаззофиро водор кардаанд, то ҳамла болои шаҳрвандонро қатъ кунад.
Режими Қаззофӣ мегӯяд, аз замоне ки ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои Амрикову Бритониё ва Фаронса оғоз шудааст, 48 нафар кушта, 150 нафар захмӣ шудаанд.
Мақомоти Амрикову Аврупо мегӯянд, ҳадафи марҳилаи аввали амалиёт бо номи “Бомдоди Одиссей” фалаҷ сохтани нерӯҳои дифои ҳавоии Либия будааст. Ҳавопаймоҳои низомии Фаронсаву Бритониё нуқтаҳоеро бомбборон кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, вазорати дифои Амрико гуфтааст, ки нерӯҳои дарёии Амрикову Бритониё аз киштиҳои ҷангии худ дар обҳои соҳилии Либия ба 20 нуқтаи дифои ҳавоии Либия 110 мушаки навъи Томаҳавк паррондаанд.
Қаззофӣ дар суханронии телевизионии худ аз мардуми Либия хост, ки бар зидди “таҷовузи истеъморӣ” ба дифоъ бархезанд: “Ҳоло зарурате пеш омдааст, ки ҳамаи анборҳоро боз кунем ва ҳамаи мардумро бо ҳамаи навъҳои аслиҳа мусаллаҳ созем, то аз истиқлол, якпорчагӣ ва ифтихори Либия дифоъ кунанд.”
Аммо Барак Обама, раисҷумҳури Амрико гуфт, вай ба нерӯҳои Амрико иҷоза додааст, ки дар “амалиёти маҳдуд” ба нишонаи ҷонибдорӣ аз талошҳои байналмилалӣ барои дифоъ аз шаҳрвандони Либия ширкат варзанд.
“Мо наметавонем вақтро талаф диҳем, то замоне ки ин диктатор ба мардумаш бигӯяд, ки ҳеҷ кайфаре вуҷуд надорад ва нерӯҳояш амалиёти таҳоҷумиро дар шаҳрҳое аз қабили Бенғозиву Мисурато анҷом медиҳанд ва мардону занони бегуноҳ аз дасти ҳукукмати худашон ба бераҳмиву қатл рӯ ба рӯ мешаванд. Ин аъмол сазои худро дорад ва тасмими маҳофили байналмиллалӣ бояд иҷро шавад. Ин аст сабаби эътилоф”,-гуфт ӯ.
Рӯзи 16-уми март дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ дар бораи Либия қатъномае ба тасвиб расид. Ин қатънома даъват мекунад, ки барои ҳимоят аз шаҳрвандони Либия ва ҷорӣ кардани ҳарими ғайрипарвоз бояд “аз ҳамаи чораҳои зарурӣ” кор гирифт.
Ин қатънома замоне ба тасвиб расид, ки нерӯҳои ҳавоии Қаззофӣ шаҳрвандони худро дар қаламрави худ бомбборон карданд ва нерӯҳои заминиаш ба зидди мухолифон, ки мехоҳанд режими Қаззофиро сарнагун созанд, вориди ҷанг шуданд.