Полиси Яман ба тазоҳуркунандагон ҳамла бурдааст

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, дар Санъо-пойтахти Яман полис дар шаҳри бандарии Адан воқеъ дар ҷануби кишвар ба маҳали ҳамоиши мухолифони давлат ҳамла бурдааст. Мухолифон тақозо доранд, ки раиси ҷумҳури ин кишвар ба истеъфо равад, зеро вай муддатҳост дар сари қудрат қарор дорад. Тазоҳуркунандагон мегӯянд, полис бар зидди онҳо аз гази ашковар истифода кардааст. Шумораи афроди маҷрӯҳ номаълум боқӣ мондааст.