Тоҷикистон аз вуруди Наврӯз истиқбол мекунад

Дар робита бо Наврӯз 21-ӯми март дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон мардум ҷашнҳои наврӯзӣ барпо мекунанд. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе дар Наврӯзгоҳ ё иппадроми пешин барои сокинони пойтахт базми наврӯзӣ баргузор мешавад. Ҳамин гуна базмҳо дар шаҳрҳои Хуҷанду Қурғонтеппа ва Кӯлобу Хоруғ ва ноҳияҳои дигар дар назар гирифта шудааст. Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо зиёиён гуфт:

“Пасфардо ҷашни миллии мо Наврӯзи хуҷастапай фаро мерасад, ман супориш додам, ки дар майдони Озодӣ, дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ рӯзи 20 –ӯми март, шом соати 9 консерти идона мешавад, то соати 12-и шаб”.

Ин консерт ба нишонаи пазироӣ аз Наврӯз хоҳад буд ва шабеҳи 31-ӯми декабр аст, ки мардум соли кӯҳанро гусел ва вуруди Соли Нави милодиро истиқбол мекунанд.