Мухолифати Маҷлиси намояндагони Конгресс ба хурӯҷи нерӯҳо

Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико тарҳи қатънома оид ба хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистонро рад намуд.

321 вакил мухолифи қатънома раъй доданд, фақат 93 нафар аз он пуштибонӣ карданд. Аксари онҳое, ки барои пазируфта шудани қатънома раъй доданд, ҷонибдорони Барак Обама буданд.

Қатънома хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон дар тули 30 рӯзро дар назар дошт.

Бар пояи назархоҳии баргузоркардаи нашрияи Вашингтон Пост ва шабакаи телевизионии АВС аз се ду ҳиссаи амрикоиҳо ҳузури низомиёни кишвар дар амалиёти ҳарбӣ дар Афғонистонро бесамар мехонанд.