Имрӯз муҳокимаи додгоҳии 28 мансабдори собиқи Қирғизистон, аз ҷумла раиси ҷумҳури барканоршуда, Қурмонбек Боқиев, аз сар гирифта мешавад. Тамоми 28 ин нафар ба қатли тазоҳургарони бесилоҳ ва ё фармони оташ кушодан ба сӯи онҳо дар моҳи апрели соли гузашта муттаҳам мешаванд. Дар он ошӯбҳо дасти кам 86 нафар кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шуданд. Қурмонбек Боқиев, ки баъди он ошӯбҳо ба Белорус гурехт, бо чанд тан аз атрофиёни фирориаш дар ғайбашон муҳокима мешаванд.