НАТО мегӯяд, мудохила дар умури Либия дер нашудааст

Андерс Фог Расмуссен

Андерс Фог Расмуссен-Дабири кулли паймони НАТО имрӯз гуфт, вай фикр намекунад, ки мудохила дар умури Либия дер шудааст, вале ин кор аз бисёр ҷиҳат ба СММ вобаста аст. Оқои Расмуссен ин суханонро дар Варшава изҳор дошт, дар ҳоле, ки ҷонибдорони ғайрипарвоз эълон кардани ҳарими ҳавоии Либия барои ҳифзи шаҳрвандон аз ҳамлаҳои ҳавоии нируҳои Қаззофӣ мехоҳанд шоми имрӯз дар Шӯрои Амнияти СММ ин масъала ба райдиҳӣ гузошта шавад. Русия ва Чин, ки аз ҳақи вето дар Шӯрои Амният бархуроранд, мегӯянд, ки бояд аз ҳар гуна мудохилаи низомӣ хештандорӣ шавад.