Вақте оғози баҳор асту зардолу дар вилояти Суғд гул мекунад, зимистон хост нерӯи худро намоиш диҳад.
Бегоҳи рӯзи 15-уми март дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд барф борид ва муғчаҳои навшукуфтаи бодому зардолуро ба паноҳи худ гирифт.
Дар зимн, ин нахустин барфи "ҳақиқӣ" буд, ки ин зимистон ба Хуҷанд дареғ дошта буд.
Аммо баҳор нагузошт барфу сардӣ гулҳои навшукуфтаи бодому зардолу ва муғчаҳои дигар дарахтони меваро ях кунонидаву нобуд созад.
Шоми рӯзи 15-уми март барф ба борон табдил шуд ва субҳи 16-уми март танҳо дар кӯҳсорон сафедии барф дида мешуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад