Муҳокимаи Боқиеву атрофиёнаш идома мекунад

Фардо муҳокимаи додгоҳии 28 мансабдори собиқи Қирғизистон, аз ҷумла раиси ҷумҳури барканоршуда, Қурмонбек Боқиев, аз сар гирифта мешавад. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, муҳокима бинобар далоили амниятӣ дар додгоҳи низомии шаҳри Бишкек баргузор мешавад ва ба он танҳо афроди мушаххасро роҳ хоҳанд дод. Тамоми 28 нафар аз мансабдорони собиқ дар ҳукумати Қурмонбек Боқиев ба қатли тазоҳургарони бесилоҳ ва ё фармони оташ кушодан ба сӯи онҳо дар моҳи апрели соли гузашта муттаҳам мешаванд. Дар он ошӯбҳо дасти кам 86 нафар кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шуданд. Қурмонбек Боқиев, ки дар Белорус ба сар мебарад, бо чанд тан аз атрофиёни фирориаш дар ғайбашон муҳокима мешаванд.