Додгoҳи Бишкек Гуревичро ба 15 сол маҳкум кард

Нирӯҳои Амрико дар пойгоҳи Манас

Додгоҳи Қирғизистон як тоҷири амрикоиро дар ғайбаш бо ҷурми аз нархи аслиаш 3 миллион доллар арзонтар фурӯхтани як амбори маводи сӯхт ба як ширкати низ амрикоӣ ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми додгоҳи ноҳияи Ленини Бишкек дар қиболи Юҷин Гуревич ҳанӯз рӯзи 3 март содир шуда, вале то ҳол нашр нашудааст. Амбори маводи сӯхт дар фурудгоҳи Манас, ки ба ҳайси пойгоҳи ҳавоии Амрико барои таъмини амалиёти низомӣ дар Афғонистон истифода мешавад, воқеъ буд. Гуревич раҳбари ширкате буд, ки ба давлати Қирғизистонро дар соҳоти ислоҳоти иқтисодӣ ва сармоягузорӣ машварат медод, аммо баъди барканории Қурмонбек Боқиев дар як соли пеш ӯ ҳам тарки Қирғизистон кард.