Як бахши дигари нерӯгоҳи Фукушима оташ гирифтааст

Болопӯи реактори саввуми нерӯгоҳ низ сӯхта буд

Бино ба гузоришҳо, як бахши нерӯгоҳи барқи атомии Фукушимаи Ҷопон субҳи имрӯз дигарбора оташ гирифтааст. Ба гуфтаи масъулон, мутахассисон саъй доранд, то оташсӯзӣ дар бинои реактори чаҳоруми нерӯгоҳро фурӯ нишонанд, ки рӯзи сешанбе бар асари инфиҷоре осеб дид. Ба гуфтаи коршиносон дар сурати расидани оташ ба милаҳои сӯхти истифодаишудаи атомӣ, эҳтимоли партоби олудагиҳои ҳастаӣ ба ҳаво вуҷуд дорад. Рӯзи сешанбе мизони радиатсия дар нерӯгоҳ, ки субҳи дирӯз ба ҳадди хатарноке зиёд шуд, поён омад. Ҳукумати Ҷопон аз 140 ҳазор нафар мардуми манотиқи атрофи то 30 километр наздик ба нерӯгоҳ хост, аз хонаҳояшон берун наоянд. Нерӯгоҳи барқи атомии Фукушима бар асари заминларза ва сунамии вайронгар осеб дид, ки ин фалокат ҳазорон нафар дар Ҷопон кушт.