Як реактори нерӯгоҳи ҳастаии Фукушима осеб дидааст

Юкиа Амано, мудири кулли Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ дирӯз гуфт, эҳтимолан яке аз реакторҳои нерӯгоҳи барқи атомии Фукушима Дайичӣ дар Ҷопон осеб дидааст. Ӯ зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Вена афзуд: " Имкон дорад, ки реактори дуввуми нерӯгоҳи Фукушима Дайичӣ осеб дидааст, вале осеби он маҳдуд аст ва камтар аз 5 дар сади сӯхти онро фаро мегирад." Ӯ гуфт, вазъ дар нерӯгоҳи барқи атомии мазкур нигаронкунанда аст, вале кор ба ҳадди фалокат дар нерӯгоҳи Чернобил дар соли 1986 нахоҳад расид. Айни замон ҳукумати Ҷопон эълом кард, ки мизони радиатсия дар нерӯгоҳ, ки субҳи дирӯз ба ҳадди хатарноке зиёд шуд, поён омадааст. Ҳукумат аз мардуми дар масоҳати то 30 километр дар нерӯгоҳ хост, аз хонаҳояшон берун наоянд. Бод дирӯз, олудагиҳои ҳастаиро ба сӯи Уқёнуси Ором бурд. Нерӯгоҳи барқи атомии Фукушима Дайичӣ бар асари заминларза ва сунамии вайронгар осеб дид, ки бар асари ин фалокат ҳазорон нафар дар Ҷопон кушта шуданд.